Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳар чи зудтар: баҳси масоили марзӣ дар мулоқоти Раҳмон ва Жээнбеков

Обуна шудан
Раисҷумҳурони Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти ахир дар шаҳри Душанбе ба масоили марзӣ аҳамияти махсус доданд

ДУШАНБЕ, 27 сен - Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар  дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Сооронбой Жээнбеков, раисҷумҳури Қирғизистон мулоқот намуд.

Президент Шавкат Мирзиёев прибыл в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба истиқболи Мирзиёев рафт: Ӯ гуфт муносибот бо Узбакистон таҳти назорати шахсиянд

Сарони ду кишвар зимни мулоқот масоили иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро баррасӣ намуданд.

Манбаъ хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон роҳбари кишвари ҳамсояро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ намудааст, ки мулоқоти имрӯза боз як қадами муҳим дар ҳалли масъалаҳои марбут ба пешбурди муносибатҳои накуи ҳамсоягии Тоҷикистону Қирғизистон хоҳад буд.

“Сарони давлатҳо барои густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол, истифодаи имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои обию энергетикӣ, татбиқи саривақтии лоиҳаи бузурги дорои аҳамияти минтақавӣ - СASA-1000, таъсиси механизмҳои муштарак барои коркарди меваю сабзавот ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия, фаъол кардани нақши Комиссияи байниҳукуматӣ барои маҷмуъи масъалаҳои дуҷонибаро амри муҳим маънидод карданд”, таъкид кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Инчунин роҳбарони ду кишвар баррои ҳалли ҳар чи зудтари масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатӣ ибрози назар карданд.  

Манба афзуд, ки зимни мулоқоти роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.

Лентаи хабарҳо
0