19:44 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Президент РФ Владимир Путин, архивное фото

Владимир Путин ба Душанбе омад

© Sputnik / Алексей Никольский
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
91110

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия барои ширкат дар Ҷаласаи сарони кишварҳри узви ИДМ вориди Душанбе шуд

ДУШАНБЕ, 27 сен - Sputnik.  Владимир Путин, раисҷумҳури Русия шоми имрӯз барои ширкат дар Ҷаласаи  сарони кишварҳои ИДМ ба Душанбе омад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Русия.

Бино ба иттилоъи манбаъ, барномаи Владимир Путин аз зиёфати ғайрирасмӣ оғоз ёфта,  дар он роҳбарони кишварҳои ҳамсуд дар фазои ғайрирасмӣ масоили гуногун аз ҷумла масъалаҳои ҳасоснокро баррасӣ хоҳанд кард.

Ба иттилои манбаъ, барномаи асосии Ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ, фардо 28 сентябр оғоз меёбад. Дар ҷаласаи мазкур роҳбарони кишварҳои Озарбойҷон, Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова, Узбакистон ва нахуствазири Арманистон иштирок мекунанд.

Қарор аст, Владимир Путин дар доираи Ҷаласаи мазкур, бо Сооронбой Жээнбеков, раисҷумҳури Қирғизистон ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон мулоқот анҷом диҳад.  

Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон, мулоқот, сафари корӣ, душанбе, Путин, Путин

Мавзӯъҳои асосӣ