11:57 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Маводи мадҳушкунанда, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон “спайс” -ро нашъа эълон мекунад

© Flickr/ torbakhopper
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
243 0 0

Тоҷикистон феҳрасти маводи нашъадор ва психотропиро бозбинӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Муртазо Ҳайдарзода, муовини директори Ожонси назорати маводи нашъадори назди раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, феълан дар кишвар феҳрасти миллии маводи нашъадору психотропӣ дар таҳрири нав таҳия шуда истодааст, ки беш аз 200 номгӯи маводро дар бар мегирад.

Ҳайдарзода дар суҳбат бо РИА Новости изҳор доштааст, ки ба феҳрасти нав аз ҷумла ворид кардани “спайс” - ҳо пешниҳод гардидааст. Ба гуфтаи ӯ феълан ин масъала дар ҳоли ҳамоҳангӣ миёни мақомоти дахлдори Тоҷикистон қарор дорад.

Ин дар ҳолест ки гуфта мешавад солҳои охир ҷавонони Тоҷикистон ба "спайс" зиёд пойбанд шудаанд.

Тибқи иттилои Ожонси назорати маводи нашъадори Тоҷикистон соли равон дар кишвар 14,4 ҳазор ҳаби психотропӣ мусодира шуда, дастандаркорон ҷазо гирифтанд.

Барчаспҳо:
моддаҳои психотропӣ, феҳраст, нашъа, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ