08:55 27 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Министр сельского хозяйства Иззатулло Саттори, архивное фото

Олмон ба соҳаи кишоварзии ноҳияҳои Рашту Айнӣ беш аз 1 миллион евро ҷудо кард

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
72 0 0

Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории техникӣ (GIZ) ба Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаи “Гуногунии биологӣ ва хизматрасониҳои экосистемавии минтақаҳои кишоварзӣ” дар ноҳияҳои Рашту Айнӣ 1 миллион 345 ҳазор евро ҷудо намудааст

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik.   Созишномаи татбиқи  лоиҳаи  “Гуногунии  биологӣ  ва хизматрасониҳои экосистемавии минтақаҳои кишоварзӣ”  барои  Тоҷикистон  байни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон  ва Ҷамъияти Олмон оид ба  ҳамкории техникӣ (GIZ)–ро 1 октябр дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон тасдиқ намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Парлумони кишвар.

Нерӯгоҳ, акс аз бойгонӣ
Предоставлено пресс-службой ОАО "Сангтудинская ГЭС-1"

Вазири кишоварзии Тоҷикистон  Изатулло  Сатторӣ дар порлумон афзуд, ки лоиҳаи  мазкур аз ҷониби Ҷамъияти Олмон оид ба  ҳамкории техникӣ (GIZ) дар ҳаҷми 1 миллиону 345 ҳазор евро дар ду ноҳияи  пилотии Тоҷикистон –Рашт ва Айнӣ татбиқ  карда мешавад. 

Вай гуфт, лоиҳаи мазкур  ба омӯзиши гуногунии биологӣ ва хизматрасониҳои экосистемавии минтақаҳои кишоварзӣ, хусусан омӯзиш ва нигоҳдошти ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда, ки мутобиқ ба иқлим ва шароити ноҳияҳои пилотист равона шудааст.

Вазири кишоварзӣ таъкид намуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳа, ки то соли 2020 идома меёбад,  ҳамзамон ҷойҳои нави корӣ  фароҳам оварда  шуда, татбиқи лоиҳаи мазкур ба бунёди боғҳои интенсивӣ дар ноҳияҳои пилотӣ мусодат менамояд.

Барчаспҳо:
Айнӣ, Рашт, кишоварзӣ, Олмон, лоиҳа, маблағ, кӯмак

Мавзӯъҳои асосӣ