03:52 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
ДТП с участием автомобиля ЗИЛ

Ба ҳалокат расидани 7 узви як оила дар як садамаи нақлиётӣ

© Пресс-служба МВД Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
32501

Рӯзи 30-юми сентябри соли равон, тахминан соати 22:05-дақиқа, дар натиҷаи чаппа шудани мошини боркаши “ЗИЛ”, дар ҷамоати ноҳияи Лахш 7 узви як оила ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik.  Бино ба иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Лахш 7 нафар ба ҳалокат расидан ва 5 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Ба гуфтаи манбаъ, ронанда Юсупов Сунатулло Қамчинбекович, соли таваллудаш 1982, сокини деҳаи Калтубулоқи ноҳияи Лахш ҳангоми ҳаракат дар мавзеъи Қарақия, ки роҳи автомобилгард ба ҳисоб намеравад, автомашинаи мазкурро аз баландии 150-метр ба ҷарӣ чаппа кардааст. 

“Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашина: Шарифов Темирбай Исломович, соли таваллудаш 1973, Шарифов Асқаб Аслонбекович, соли таваллудаш 1998, Шарифов Қадриддин Темурбоевич, соли таваллудаш 1998, Шарифова Гулзира Темуровна, соли таваллудаш 2000, Шарифова Рухшона Насриддиновна, соли таваллудаш 2006, Шарифова Вазира Темуровна, соли таваллудаш 2009 ва Шарифов Нурмат Насриддинович, соли таваллудаш 2014, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - таъкид намулдааст манбаъ.

Инчунин манбаъ иттилоъ додааст, ки ронанда Юсупов Сунатулло ва мусофирони дохили мошини мазкур Шарифова Тоту Акбаровна, соли таваллудаш 1980, Шарифов Насриддин Исломович, соли таваллудаш 1978, Шарифова Чолнонай Батирбековна, соли таваллудаш 1978, Шарифов Алишер Темирбоевич, соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандагони деҳаи Кушайи ноҳияи Лахш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Барчаспҳо:
Лахш, нақлиёт, фавт, ба ҳалокат расидан, садама

Мавзӯъҳои асосӣ