Дарвоз нақшаи даъвати наваскаронро иҷро кард: Хоруғ ваъда дод

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонВоенный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана
Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ноҳияи Дарвоз яке аз аввалинҳо шуда нақшаи даъвати наваскарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳро иҷро кард

ДУШАНБЕ, 2 окт - Sputnik. Дар ин бора Умедҷон Носирзода, муовини нави раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар саҳифаи фейсбукияш хабар дод.

Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Аввал артиш баъд донишгоҳ: эҳтимоли бозгашти қонуни шӯравӣ ба Тоҷикистон

Полковник Шоҳзода Шоҳқосим, муовини комиссари ҳарбии ВМКБ ахиран зимни ҷаласаи комиссарони ҳарбии вилоят гуфт, ҷавонони Бадахшон барои ихтиёран ҳозир шудан ба хидмати ҳарбӣ омадаанд. Ӯ афзуд, ки даъватномаҳо ирсол шудаанд ва ҷавонони Хоруғ низ ваъда додаанд, ки талош мекунанд, яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи даъватро иҷро кунанд.

Таваҷҷуҳи мақомоти ВМКБ ба иҷрои нақшаи даъват дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҳозиршавии ҷавонони Хоруғ ба хидмати ҳарбӣ интиқод кард.

Ба гуфтаи раисиҷумҳур нақшаи даъват дар шаҳр асосан аз ҳисоби донишҷӯёни донишгоҳ аз навоҳии дигар таъмин мешавад.

Ӯ мақомоти масъул, аз шаҳрдорӣ, то маорифу мудофиа ва варзишу ҷавононро муваззаф кард, ки барои тарбияи ватандӯстии ҷавонони шаҳри Хоруғ чораандешӣ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0