05:32 19 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото

Аз 1-уми ноябр арзиши барқ дар Тоҷикистон гарон мешавад

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
313 0 0

Мувофиқи маълумотҳои пешниҳодкардаи ширкати Холдингии “Барқи тоҷик” дар Тоҷикистон нархи истифода аз нирӯи барқ боло рафта, як киловат соати он қариб ба 20 дирам баробар мешавад

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Рӯзи 25-уми сентябри соли ҷорӣ аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон қарори афзоиши нархи нирӯи барқ содир шудааст. Бар асоси ин санад, дар Тоҷикистон аз якуми ноябр як киловат соат нерӯи барқ ба 19,37 дирам баробар мешавад.

Мувофиқи қарори Хукумати кишвар, аз 1-уми ноябр ба истиснои корхонаи давлатии ТАЛКО, нархи барқ барои корхона ва муассисаҳои дигари кишвар низ боло меравад. Инчунин, корхонаи "Комбинати металлургии Тоҷикистон" барқро аз 1 май то 30 сентябр бо нархи имтиёзноки 8,28 дирам дарёфт мекунад. Арзиши ҳар киловат соат нерӯи барқ барои дигар  корхонаҳои кишвар 47,13 дирам муқаррар шудааст.

Корхонаҳои соҳаи буҷетӣ, иншооти варзишӣ, нақлиёти барқӣ минбаъд чун аҳолӣ барои ҳар киловат соати барқ 19,37 пардохт хоҳанд кард.

Мақомдорони ширкати “Барқи тоҷик” то ба ҳол сабаби қимматшавии нархи нирӯи барқро расман шарҳ надодаанд.

Ин дар ҳолест, ки бори охир нархи барқ дар Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта ба андозаи 15 дарсад боло рафта буд ва феълан мардум дар кишвар барои як киловат 16,8 дирам пардохт мекунанд.

Назар Одиназода, муовини раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар моҳҳои июл дар рафти нишасти матбуотӣ хабар дода буд, ки “Барқи тоҷик” пешниҳод намудааст, ки арзиши барқ дар кишвар 15 дарсад боло бурда шавад. Ӯ афзуда буд, ки  асоснокии ин пешниҳодро мавриди омӯзиш қарор додаанд ва хулосаашонро ба ҳукумат пешниҳод намудаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ