04:01 04 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
124 0 0

Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда, дар баъзе минтақаҳо борон ва дар баландиҳои беш аз 3 ҳазор барфрезиро пешгӯӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Тибқи иттилои обуҳавошиносон дар ВМКБ ҳавои абрноку борони кӯтоҳмуддат  ва дар баландии 3 ҳазор метр боридани барф дар назар аст. 

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10, рӯзона +21 +26 ва дар шарқи ин вилоят шабона -0-5 ва рӯзона +7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,     шамол аз самти ғарб 3-8    метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +10+15  ва рӯзона +27+32  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, ҳарорат шабона ба +8 +13 ва рӯзона ба +27+32 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шабона +9+11 ва рӯзона +28+30 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
гармӣ, барф, ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ