02:06 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Додситонии кулли Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Оғози парванда алайҳи ду милиса барои шиканҷа ва таҳдиди таҷовузи Шаҳбоз Аҳмадов

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
66300

Додситонии ноҳияи Ёвон алайҳи ду корманди милиса, ки дар латукӯб, шиканҷа бо истифодаи барқ ва таҳдиди таҷовузи сокини маҳаллӣ Шаҳбоз Аҳмадов, айбдор мешаванд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, ду корманди милисаи Ёвон дар он айбдор мешаванд, ки моҳи июли соли равон Шаҳбоз Аҳмадовро шиканҷа кардаанд ва дар натиҷа ӯ гуноҳеро ба гардан гирифтааст, ки дар он даст надорад. Милисаҳо ӯро дар кордзании як нафар дар Ёвон гунаҳкор кардаанд.   Аммо вақте Шаҳбоз Аҳмадов таҳти таъсири шиканҷа ва таҳдиди таҷовуз гуноҳро ба гардан гирифтааст, гунаҳкори асосӣ пайдо шудааст.

Қаблан мақомоти Ёвон, ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи милисаҳоеро, ки Аҳмадов нисбати онҳо шикоят бурда буд, рад кард.

Аммо Додситонии кулли Тоҷикистон дар пайи муроҷиати намояндаи Эътилоф ва ҷабрдида, прокуратураи ноҳияи Ёвонро уҳдадор кард, ки санҷиши иловагии далелҳои сокини маҳаллиро гузаронад. Дар натиҷа алайҳи милисаҳои муттаҳам парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид.

Шаҳбоз Аҳмадов моҳи 31-уми июли соли равон ба Эътилоф алайҳи шиканҷа муроҷиат карда, арз доштааст, ки  аз 16 то 20-уми июли соли 2018 дар ШВКД-и ноҳияи Ёвон ғайриқонунӣ нигоҳ дошта шуда, ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дучор гардидааст.

Муроҷиаткунанда тасдиқ намуд, ки ӯро бо дасту пой зада ва бо қувваи барқ шиканҷааш додаанд. Ба гуфтааш, дарди сахти ҷисмониро тоқат накарда, ба он иқрор кардааст, ки барқасдона бо корд шахсро зада, ба ӯ зарари вазнини ҷисмонӣ расонидааст.

Аммо аллакай 20-уми июл ӯро ба хона раҳо карданд, чун шахсияти нафаре, ки дар ҷиноят гумонбар дониста мешуд, маълум гардид.

Бор кардани гуноҳ ба гардани Аҳмадов дар ҳоле сурат гирифтааст, ки худи ҷабрдида, ки дар беморхона қарор дошт, дар симои Аҳмадов нафари ҳуҷумкунандаро надид.

“Ҳамин тавр, Аҳмадов  дар мавриди содир гардидани ҷинояте, ки «софдилона иқрор шуда буд», бегуноҳ баромад”, - изҳор доштааст Эътилоф.

Эътилоф изҳор доштааст, ки дар ҳамкорӣ бо вакили дифоъ тамоми ваҷҳу далелҳоро пешниҳод менамояд, то нафароне, ки дар истифодаи шиканҷа гунаҳкоранд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Худи милисаҳо дар суҳбат бо расонаҳо изҳор доштаанд, ки шиканҷаро нисбати Аҳмадов татбиқ накардаанд.  

Барчаспҳо:
шиканҷа, додситонӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ