14:21 19 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Генерал-лейтенант Абдураҳмон Аламшозода (дар байн)  Абдулло Навҷувонов (аз рост) ва  Нусратулло Мирзоев

Суҳбати генералҳои милиса ва амният аз ҷуръату касбият ва забони тоҷикӣ дар ВМКБ

дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
281822

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҷаласа дар Хоруғ бо ҳузури генералҳои мақомоти умури дохилӣ ва амнияти миллӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, дар ҷаласа, ки ба муносибати Рӯзи кормандони оперативӣ ва Рӯзи забони давлатӣ сурат гирифт, сардори навтаъини милиса дар ВМКБ генерал-лейтенант Абдураҳмон Аламшозода, муовини вазири корҳои дохилӣ, генерал-майор Абдулло Навҷувонов ва муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ  генерал-майор Нусратулло Мирзоев иштироку суханронӣ намуданд.

Абдураҳмон Аламшозода нахуст аз аҳамияти забони тоҷикӣ сухан карда, изҳор доштааст, ки  барои ҳар як миллат дар баробари Ватан-Модар забон низ яке аз муқаддасоти олӣ ба шумор меравад.

“Хушбахтона забони тоҷикӣ мақоми давлатиро соҳиб гашта, мо натанҳо дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, балки байналмилалӣ низ бо забони ноби тоҷикӣ суханронӣ менамоем”, - изҳор доштааст Аламшозода.

Сардори нави милиса дар ВМКБ ҳамчунин кормандони оперативии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии вилоятро бо иди касбиашон табрик намуда, онҳоро ба садоқат, ҷуръат ва муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ даъват намудаст.  

“Кормандони оперативӣ бояд ҳамеша ба Савганди худ содиқ ва бо ғуруру ҷуръати оштинопазир дар мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ муборизаи беамон баранд”, - таъкид намудааст Аламшозода.

Генерал Абдулло Навҷувонов ба кормандони оперативӣ дар самти пешгириву боздошти ҷинояткорон, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, ҳифзи молу мулки шаҳрвандон ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ фаъолияти бенуқсон таманно кардааст.

“Аз ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ таъмини амнияти шаҳрвандон, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии калон дошта, мо бояд, фаъолияти хизматиамонро дучанд намоем”, - таъкид намудааст Навҷувонов.

Генерал Нусратулло Мирзоев, муовини раиси КДАМ, низ таъкид доштааст, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар ҳамкорӣ бо дигар қишрҳои ҷомеа бояд дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар кирдорҳои номатлуб саҳми арзанди худро гузоранд.

Барчаспҳо:
таҷлил аз иди касбӣ, амният, милиса, ВМКБ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ