08:59 20 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо, акс аз бойгонӣ

Фардо дер мешавад: 5 пешниҳоди Шӯрои уламо ба мардуми Тоҷикистон

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
93510

Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома ба мардум 5 пешниҳод ироа карда, изҳор доштааст, ки ин муроҷиати Шӯро дар пайи таҳлил бо такя ба далоили қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ ироа шудааст

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Шӯрои уламо бо зикри воқеаҳои фоҷеабор дар ҷаҳони Ислом, изҳор доштааст, ки аҷаб он аст, ки ҳамаи ин ваҳшоният бо номи Ислом ва бо зикри исми мубораки Худои таборак ва таъоло сурат мегирад.

Ин ниҳод афзудааст, ки агар мо имрӯз ҳақиқати ин гуна равияҳои фитнаангезро ба мардум нарасонем ва пеши роҳи онҳоро нагирем, фардо дер мешавад ва он гоҳ дигар касе ба доди мо намерасад.

Дар идома аз қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон зикр шудааст, ки  бар асоси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти экстремистӣ – террористӣ шинохта шуда, фаъолияти он қатъ гардид. 

“Мутаассифона, амалҳои тахрибгароёна, ҳаракатҳои террористиву экстремистидоштаи ТЭТ ҲНИ-ро баъзе ташкилотҳои байналмилалӣ нодида мегиранд. Мегузоранд, ки дар Аврупо-дар Варшава аз тарафи чанд нохалаф эътилофи “Паймони миллии Тоҷикистон” созмон ёбад”, - изҳор доштааст Раёсати Шӯрои уламо.

Манбаъ афзуд, ки бо назардошти ҳолатҳои зикргардида Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар асоси далелҳои қуръонӣ, аҳодиси набавӣ ва дигар сарчашмаҳои шаръӣ, амалҳои фитнаҷўёнаи ТЭТ ҲНИ-ро таҳлилу баррасӣ карда, ба мардуми кишвар чунин муроҷиат менамояд:

1. Ҳамаи амалкардҳои ТЭТ ҲНИ хилофи шариати Ислом, аз ҷумла хилофи мазҳаби ҳанафӣ буда, пайравӣ намудан аз ин ташкилот тибқи далелҳои шаръӣ нодуруст аст, зеро ҳадафи ТЭТ ҲНИ эҷоди фитна ва ихтилоф дар байни мусулмонон ва барҳам задани сулҳу амнияти кишвар мебошад. 

2. Яккамазҳабӣ ва пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ дар замони кунунӣ омили асосӣ ва муҳим барои пойдории сулҳу салоҳ ва оромии кишвар мебошад.

3. Амалҳои ТЭТ ҲНИ сабаби бурузи ихтилоф дар миёни мусулмонон ва бадном шудани дини мубини Ислом мегардад.

4. Аз ҳамаи мусулмонони кишвар даъват ба амал меорем, ки ҷиҳати ҳифзи муқаддасоти динӣ, аз ҷумла мазҳаби ҳанафӣ муттаҳид бошанд, зеро мазҳаби аҷдодии мо зиёда аз 13 қарн инҷониб ҳамчун мазҳаби таҳаммулпазир ва инсондӯст дар олами Ислом шинохта шудааст.

5. Мо мардуми мусулмони Тоҷикистон бояд дар ақидаи худ устувор бошем ва аз ҳар гуна фирқаву равияҳои навпайдо дурӣ ҷӯем, дину мазҳаби худро ҳимоя намуда, Ватани худро аз зуҳуроти номатлуб ҳифз кунем ва дар фазои сулҳу субот, тинҷиву оромӣ зиндагӣ намуда, озодона ибодати худро анҷом диҳем. Чунки дини мубини Ислом ва хоссатан мазҳаби ҳанафӣ сулҳу суботи ҷомеаро беҳтарин арзиши исломӣ эътироф мекунад, ки барои ҳар фарди мусулмон комилан фаҳмову равшан аст.

Барчаспҳо:
Шӯрои уламо, ҲНИТ, дин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ