00:32 18 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
65 0 0

Дар Душанбе ҳаштумин намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Бино бар иттилои вазорати фарҳанги Тоҷикистон, аз 18 то 20 октябри соли равон  дар бинои Муассисаи давлатии “Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар”, ки дар хиёбони Рӯдакӣ 36 шаҳр ҷойгир аст, намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор мегардад.

китобҳо, акс аз бойгонӣ
© Sputnik / Евгений Одиноков

Ба гуфтаи манбаъ, дар Намоишгоҳи мазкур, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ташкил мешавад, ширкатҳои табъу нашри ватаниву хориҷӣ маводи чопию таҷҳизоти полиграфии хешро пешниҳод менамоянд. 

Вазорати фарҳанг таъкид намудааст, ки воридшавӣ ба Намоишгоҳ комилан озод ва ройгон аст.

Барчаспҳо:
вазорати фарҳанг, душанбе, Тоҷикистон, китобҳо, намоишгоҳ

Мавзӯъҳои асосӣ