Хол Машраб собиқ раиси Кумитаи андоз ва раиси собиқи ноҳияи Рӯдакӣ даргузашт

Обуна шудан
Маросими дафни Хол Машраб, вазири собиқи андоз имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik.  Хол Машраб, вазири собиқи андоз ва раиси собиқи ноҳияи Рӯдакӣ дар синни 67 шаби 6-ум ба 7-уми октябр даргузашт.

Ёдрас мешавем, ки Хол Машрабов аз соли 2008, ба сактаи сахти мағзӣ гирифтор шуд ва қудрати сухан гуфтанро аз даст дод.

Хол Машрабов, яке аз чеҳраҳои собиқи саршинос дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мерафт, аммо вай дар солҳои охир ба далели маризӣ аз ҳаёти ҷамъиятӣ комилан канор рафта буд.

Хол Машраб солҳои 1998-2001 раиси Кумитаи андоз ва аз соли 2001 то 2006 раиси ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ буд.

Инчунин Бародари Хол Машраб дар Тоҷикистон яке аз чеҳраҳои фарҳангӣ мебошад. Бародари Хол Машраб ҳунарпешаи маъруфи тоҷик Ибодуллоҳи Машраб аст, ки феълан дар мақоми муовини вазири фарҳанг кор мекунад.

 

Лентаи хабарҳо
0