22:00 17 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Сагҳои хидматӣ, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон барои наҷоту ҷустуҷӯи одамон сагчаҳо харид

© Sputnik / Кирилл Каллиников
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
182 0 0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз хариди сагҳо барои наҷоти одамон ҳангоми офатҳо хабар дод

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита барои истифодаи сагҳо дар хадамоти наҷот воҳиди махсус ташкил шудааст, ки дар марҳилаи аввали фаъолият қарор дорад.

“Бори аввал сагбачаҳо барои омӯзиш ва тамрин харидорӣ шуданд. Кофтукоби гумшудаҳо бо ёрии сагҳои махсус омӯзишдода самаровартар аст. Бо назардошти ҳамин зарурат дар сохтори Кумита хадамоти кинологӣ таъсис ёфтааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки феълан дар раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон сагбачаҳо барои корҳои ҷустуҷӯиву наҷот омӯзиш дода мешаванд.

“Онҳоро ромкунандагони маҳаллӣ аз ҷумлаи кинологҳои соҳибтаҷриба барои фаъолияти оянда дар чанд самт, аз ҷумла - ҷустуҷӯ ва наҷот, наҷот аз зери тарма, наҷот дар об, ҷустуҷӯи ҷасади ҳалокшудагон ва ғайра омӯзиш медиҳанд”, - таъкид намудааст Кумита.

Ин ниҳод афзудааст, ки хадамоти кинологӣ дар сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда нав буда, ҳадаф аз он дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳои ҷустуҷӯву наҷот дар ҳолатҳои фавқулодда мебошад.

Мавзӯъҳои асосӣ