Талоши Ҷамолиддин Убайдулло барои ҷалби сайёҳони Аврупо ба Тоҷикистон

© сомонаи Вазорати умури хориҷии ТоҷикистонНамоишгоҳ бахшида ба соли сайёҳии Тоҷикистон дар Париж
Намоишгоҳ бахшида ба соли сайёҳии Тоҷикистон дар Париж - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷамолиддин Убайдулло, сафири навтаъини Тоҷикистон дар Фаронса ва писари Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ, барои ҷалби сайёҳон аз Аврупо ба Тоҷикистон иқдом кардааст

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, сафорати Тоҷикистон дар Фаронса бахшида ба Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар ҳамкорӣ бо рассоми маъруфи тоҷик Қодир Раҳимов дар Париж намоишгоҳи тасвирҳоро ташкил намуд.

Манбаъ мегӯяд,  4 октябр маросими ифтитоҳи намоишгоҳи номбурда дар  Galerie MONOD дар Париж бо иштироки арбобони санъати тасвирӣ аз Фаронса, Русия ва Эрон баргузор шуд.

“Дар ҷараёни чорабинӣ ташрифовардагон имкон доранд бо расмҳои дорои унсурҳои омехтаи милливу аврупоӣ ошно гарданд”, - иттилоъ додааст Вазорати умури хориҷӣ.

Манбаъ изҳор доштааст, ки намоишгоҳ  то 13 октябри соли 2018 давом хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0