22:11 17 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Рустам Эмомали

Қарори нави Рустам Эмомалӣ ба тасвиб расид

© Пресс-служба мэра города Душанбе
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1491 0 0

Қарори раиси шаҳр дар бораи таҷлили ҷашни Меҳргон ба имзо расидааст

ДУШАНБЕ, 10 окт - Sputnik. Вебгоҳи шаҳрдории Душанбе имрӯз, 10 октябр нусхаи қарори нави раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалиро мунташир кардааст.

Қарори раиси шаҳр таҳти рақами 670 дар бораи таҷлили ҷашни Меҳргон дар Душанбе буда, дар он гуфта мешавад, "нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Душанбе  дар бораи омодагӣ ва таҷлили иди Меҳргон тасдиқ карда шавад".

Ҳамчунин масъулини шаҳр - муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки иҷрои саривақтии чорабиниҳои ҷашнро таъмин намоянд.

Меҳргон яке аз ҷашнҳои бостонии мардумони эронитабор, бахусус тоҷикон аст, ки камобеш 4 ҳазор сол торих дорад. "Меҳргон"-ро бар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 расман дар саросари кишвар ҷашн мегиранд.

Дар Душанбе соли гузашта  15 октябр, ҷашни Меҳргонро бо баргузор кардани барномаҳои фарҳангиву ҳунарӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҷлил карданд.

Барчаспҳо:
ҷашн, Меҳргон, қарор, Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ