08:59 20 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Вывоз товара с овощебазы Новые Черемушки в Бирюлево

Тасвиби созишномаи Тоҷикистону Туркманистон дар бораи молиёт

© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
294 0 0

Меҳринамо Ҷонмамадзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон созишномаи молиёт миёни Тоҷикистону Туркманистонро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Вакилони порлумони Тоҷикистон созишномаи Тоҷикистон ва Туркманистон дар бораи принсипҳои молиёти ғайримустақимро ба тасвиб расонданд.

Муовини вазири молияи Тоҷикистон, Меҳринамо Ҷонмамадзода гуфт, созишномаи мазкур принсипҳои молиёти ғайримустақим ҳангоми содироту воридоти молҳо, иҷрои кор ва хизматрасониро дар бар мегирад.

Ҷонмамадзода таъкид намуд, ки санади мазкур андозбандии дукарата, аз ҷумла аксизҳоро аз байн мебарад.

Ба гуфтаи вай созишномаи мазкур барои рушди гардиши молу колои ду  кишвар ва ҷалби сармоя ба кишвар мусоидат хоҳад кард. 

Ба гуфтаи Ҷонмамадзода, Тоҷикистон чунин созишномаҳоро бо Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорус ба имзо расонида буд.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ гардиши молу коло миёни Тоҷикистону Туркманистон беш аз 37 миллион долларро ташкил намудааст.

Қайд карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ин нишондиҳанда ба 15,1 дарсад афзоиш ёфтааст.

Барчаспҳо:
молиёт, андозситонӣ, созишнома, андоз, Туркманистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ