21:31 17 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Встреча Министра иностранных дел Таджикистана с новым Главой Представительства Европейского Союза в Таджикистан

Мулоқоти вазири хориҷа бо роҳбари нави намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон

© Пресс-служба МИД РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
35 0 0

Дар рафти мулоқот, ки пас аз маросими супоридани нусхаи эътимоднома сурат гирифт, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи Роҳбари нави Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Сафир Мэрилин Йосефсонро қабул намуд, хабар додааст дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи кишвар.

Дар рафти мулоқот, ки пас аз маросими супоридани нусхаи эътимоднома сурат гирифт, ҷонибҳо дар бораи ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро мулоқот намуданд.

“Аз сатҳу сифати муносиботи зудрушдёбанда миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар доираи абзорҳои мухталифи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ ибрози қаноатмандӣ карда шуд”, таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин тарафҳо доир ба роҳҳои таҳкими минбаъдаи шарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, амният ва ҳамкориҳои минтақавӣ табодули назар карданд.

Зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуланд.

Барчаспҳо:
мулоқот, вазорати корҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ, Иттиҳодияи Аврупо, Иттиҳодияи Урупо, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ