09:40 20 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Туркменские девушки. Архивное фото

Баргузории рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон

© Flickr/ Veni
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
438 0 0

Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон бо мақсади рушди ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар ва ошноии мардуми тоҷик бо санъат ва фарҳанги халқи туркман гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik.  Бино бар иттилои вазорати фарҳанги Тоҷикистон, рӯзҳои 14-15 октябри соли равон  дар шаҳрҳои Душанбе ва ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон баргузор мегарданд.

Ба иттилои манбаъ, аз Туркманистон ба Тоҷикистон беш аз 350 нафар ҳайати расмӣ ва эҷодии  ташриф меоранд.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки субҳи 15 октябр соати 09:30 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати расмии Туркманистон бо роҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, баргузории нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма, инчунин рӯнамоии китоби Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов “Туркманистон – қалби Роҳи бузурги абрешим” дар назар аст.

Инчунин соати 14:00 ҳамон рӯз дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоиши драмаи “Гулпам”-и Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи С. Сейдии вилояти Лебап дар театри шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст.

15 октябр соли равон соати 17:00 дар Кохи Борбад намоиши ҳунарҳои мардумии минтақаҳои гуногуни Туркманистон ва барномаи консертии устодони санъати ин кишвар бахшида ба ифтитоҳи Рӯзҳо баргузор мегардад.

Инчунин субҳи 15 октябр як қисми ҳайати меҳмонон ба ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон сафар хоҳанд кард.

Дар ноҳияи Дӯстӣ муаррифии китоби Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов “Туркманистон – қалби Роҳи бузурги абрешим” ва баргузории барномаи консертии аҳли ҳунари туркман баргузор хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
баргузории барномаи консертӣ, фарҳанг, Рӯзҳои фарҳангӣ, Туркманистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ