09:36 20 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Консули генералии тозатаъйини Русия

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской области
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
397 0 0

Раиси вилояти Суғд ва Консули генералии тозатаъйини Русия дар шаҳри Хуҷанд муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik.  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Андрей Варламов, Консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд мулоқот намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилоят.

Бино бар иттилои манбаъ, тапрафҳо доир ба муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия мубодилаи афкор намуда, дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.

“Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияти назарраси Валерий Бондаренко, собиқ консуи генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд изҳори қаноатмандӣ карда, барои фаъолияти пурсамараш ба ӯ Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро тақдим намуд”,-таъкид кард манбаъ.

1 / 1
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд боКонсули генералии тозатаъйини Русия

Раиси вилояти Суғд изҳори боварӣ намудааст, ки ҳамкориҳои самараноки тарафҳо дар оянда низ идома ва густариш хоҳад ёфт.

Ёдрас мешавем, ки бо сабаби анҷом ёфтани муҳлати кори Валерий Бондаренко, собиқ Консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд ба вазифаи ӯ Андрей Варламов таъин шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ