09:12 20 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Подготовка ГБАО к Наврузу

"Дар се рӯз силоҳҳоро супоред": муроҷиати Ситоди таъмини амният дар ВМКБ

© Пресс-служба ГБАО
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
795 0 0

Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон дар изҳороте хабар додааст, ки то 15 октбяр барои ҷамъоварии силоҳҳои ғайриқонунӣ ва таслим шудани ашхоси дар ҷустуҷӯ қарордошта ба мақомот мӯҳлат дода мешавад. "Баъди ба охир расидани мӯҳлати муайянгардида пушаймонӣ суд надорад", - гуфтааст ситод

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон дар изҳороти вижае, ки дар расонаҳои расмии кишвар мунташир шудааст, "қотеона талаб кардааст, ки дар вилоят  дар мӯҳлати муайянгардида силоҳу аслиҳа ба мақомот супурда шавад".

Ҳамчунин дар муроҷиатнома гуфта мешавад, ки мӯҳлат то 15-уми октябр аст.

"Ҳамватанони азиз ва мӯҳтарам, сокинони шаҳри Хоруғ! Мо ба фарҳангу маърифати волои Шумо боварии комил дошта, умед дорем, ки то 15-уми октябри соли равон силоҳи охирини ғайриқонунӣ ба мақомотҳо супорида шуда, ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ буда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир мегарданд. Умедворем барои таъмини амнияти сокинони вилоят, ҷорӣ намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва минбаъд амал намудан дар доираи қонунҳои мавҷуда мусоидат менамоед", - омадааст дар он.

Ситоди байниидоравии таъмини амният ба сокинон таъкид мекунад, ки амалиёте дар минтақа дар назар нест.

"Сокинони шарафманди Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, бахусус шаҳри Хоруғ бояд дақиқ як нуқтаро донанд, ки аз тарафи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва низомии вилоят ва ҷумҳурӣ дар ягон кӯча, деҳа, маҳалла нисбати сокинони осоишта амалиёт гузаронида намешавад", - омадааст дар изҳорот.

Аммо тавре дар он таъкид мешавад, "дар сурати аз тарафи саркардагону аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, шахсони алоҳида то ба охир насупоридани силоҳу лавозимоти ҷангӣ нисбати онҳо тибқи қонунҳои амалкунанда чораҳои бетаъхир амалӣ карда мешаванд".

"Ҳамчунин, дар сурати итоат накардан ба кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дар дидбонгоҳҳои муайяншуда, бо худ гирифта гаштани силоҳи оташфишон, маводҳои сӯхт (Коктейли Молотов), тарканда, эҷод намудани монеъа ва таҳқири намояндагони мақомоти давлатӣ, кӯшиши мудохила ба фаъолияти сохторҳои дахлдор нисбати чунин ашхос бо дастрасии талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои қотеъона андешида хоҳанд шуд", - афзудааст ситод.

Ба иттилои манбаъ, то 11-уми октябри соли равон "аз саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва сокинони алоҳидаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ 136 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 57 адад "Автомат Калашников", 2 адад "Пулемёт", 2 адад гулулаандоз (Гранатамёт), 1 адад комплекси зенитӣ, 27 адад "Таппонча", 8 адад Карабин, 29 адад силоҳи суфтамили "ТОЗ", 1 адад силоҳи истеҳсоли хориҷӣ ва бештар аз 2686 адад лавозимоти ҷангӣ, инчунин 500 гр маводи тарканда мусодира шудааст".

Гуфта мешавад, ситод фаъолияташро аз 15 сентябр дар вилоят оғоз карда ва то 15 октябр корҳо бояд ба анҷом расанд.

Мавзӯъҳои асосӣ