22:07 17 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Козы, архивное фото

Моро масхара мекунанд: сокинони деҳаи Абдуллоҳ Давлатови Мӯъминобод тандиси бузро канданд

© Sputnik / Антон Денисов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
214 0 0

Пофишории аҳолии деҳаи Абдуллоҳ Давлатов, дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон барои бардоштани муҷассамаи буз аз ин деҳа, пас аз ду сол натиҷа дод

ДУШАНБЕ, 13 окт - Sputnik. Саранҷом мақомоти ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон пас аз муддатҳо пайгирӣ ва талоши мардум ночор шуданд муҷассамаи бузро аз ин деҳа бардоранд, хабар медиҳад "Паср тудэй" дар истинод ба расонаҳои Русия.

Бино бар иттилои манбаъ, аз он ҷо ки шикори бузи кӯҳӣ аз манобеи аслии даромади мардуми рустои Абдуллоҳ Давлатов дар ноҳияи Муъминобод аст, мақомоти ин ноҳия аз ду соли пеш муҷассамаи як бузи кӯҳиро дар деҳаи Абдуллоҳ Давлатов насб карда буданд.

"Ин дар ҳоле аст, ки мардуми тоҷик дар истилоҳи омиёна ашхоси "суханчин" ва "ҷосус" - ро буз мехонанд", - қайд мекунад манбаъ.

Ба ҳамин далел, сокинони деҳаи Абдуллоҳ Давлатов насби муҷассамаи бузро дар ин русто тавҳин ба ҳайсияти худ талаққӣ карда ва муддатҳо аз мақомот мехостанд то ҳар чӣ зудтар ин тандисро бардоранд.

"Мардуми ин деҳа нахостанд, ки муҷассама дар ҳудуди деҳа боқӣ бимонад, зеро рустоёни дигар манотиқ аҳолии деҳаи Абдуллоҳ Давлатовро ба хотири ин муҷассама масхара мекарданд, ки ин мавзуъ ба мардум хуш намеомад", - гуфтааст Сайидвалӣ Мирзоев, раиси Шӯрои деҳа.

Ёдрас мешавем, пештар ба муносибати истиқбол аз Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон дар ноҳияи Турсунзодаи Тоҷикистон, ба унвони намоди равобити тиҷорӣ ва сайру сафар тандиси корвони шутур насб шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ