22:28 21 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Флаги Таджикистана и США

Амрико барои мактабҳои Тоҷикистон китобҳо бо забони тоҷикӣ ва русӣ тақдим кард

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
102 0 0

Сафорати Амрико ба мактабҳои Тоҷикистон барои хонандагони синфҳои 1 то 4 зиёда аз 140 ҳазор китоби дар си тақдим кард

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Ҳукумати Амрико тавассути ташкилоти USAID зиёда аз 140 ҳазор китобро барои хонандагони синфҳои  1 то 4, ба бештар аз 1000 муассисаи таълимии давлатии таълимашон бо забони тоҷикӣ ва русӣ дар сартосари Тоҷикистон тақдим кард, иттилоъ додааст сомонаи расмии сафорати Амрико дар Тоҷикистон.

Ба гуфтаи манбаъ, Кевин Коверт, кордори сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо ҳамроҳии Фатҳиддин Усмонзода муовини Вазири маориф ва илми Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи маъракаи густурдаи тақдими китоб, ки як қисми барномаи Оҷонсии Амрико доир ба рушди байналилалӣ (USAID) ба саводомӯзӣ дар синфҳои ибтидоӣ мебошад, иштирок намуд. 

Инчунин дар маросими супоридани китобҳои дарсӣ инчунин мақомоти маҳаллӣ, намояндагони расмии соҳаи маориф, омӯзгорон ва хонандагон низ ширкат варзиданд.

“Ин марҳилаи дуюми тақдими китобҳо аз ҷониби USAID дар соли 2018 мебошад.  Ба наздикӣ бештар аз 7200 китоб ба кӯдаконе, ки дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи кишвар дар озмуни “Хонандаи беҳтарин” иштирок намуданд, тақдим гардид”, - таъкид намудааст манбаъ.

Манбаъ афзудааст, ки дар давоми моҳи ҷорӣ, ба муассисаҳои таълимӣ бастаи иборат аз 40 номгӯйи китобҳои ба синну сол мувофиқ ба забонҳои тоҷикию русӣ супорида мешавад, ки ин ба омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва китобдорони омӯзонидашуда барои тақвияти малакаҳои хониш хонандагон дар мактаб ва чорабиниҳои беруназсинфӣ, инчунин барои ҳавасманд гардонидани падарону модарон ба хониши китоб ҳамроҳи фарзандонашон кӯмак хоҳад кард. 

Ҳамчунин манбаъ таъкид намудааст, ки USAID дастгирии худро дар таҳия ва эҷоди маводҳои нави хониш барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ, барои зиёд намудани дастрасии омӯзгорон, хонандагон, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа ба китобҳои ба синну сол мувофиқ ва бо мақсади бунёди заминаи мустаҳкам барои омӯзиши ояндаи хонандагони синфҳои ибтидоӣ, инчунин густариши фарҳанги китобхонӣ дар Тоҷикистон идома хоҳад дод.

 Ҳамаи китобҳои тақдимгардида аз ҷониби вазорати маорифи Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд.

Барчаспҳо:
тақдим, китоб, мактаб, Амрико, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ