08:29 28 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
427 0 0

Дар ҷашнвораи байналмилалии “Дидор” дар тӯли 5 рӯз беш аз 60 филми гуногунҳаҷм ба намоиш гузошта мешаванд

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик 8-умин  ҷашнвораи байналмилалии "Дидор"  баргузор мегардад, иттилоъ додааст саҳифаи расмии кинофестивали “Дидор”.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷашнвораи мазкур  филмҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Муғулистон, Украина, Эстония, Гурҷистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон ва Узбакистон  ба намоиш гузошта мешаванд.

 

Манбаъ та

ъкид намудааст, ҷашнвора имрӯз, соати  10:00 дар театри ба номи А. Лоҳутӣ ифтитоҳ меёбад.

Дар  кинофестивали мазкур  зиёда аз 20 филми тоҷикӣ ба намоиш гузошта мешаванд.

Инчунин дар доираи ҷашнвора “Барномаи ҳамсояҳо” доир шуда, филмҳо аз ҷумҳуриҳои Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон намоиш дода мешаванд.

Дар доираи ҷашнвораи байналмилалии “Дидор” намоиши   филмҳо ҳамарӯза   аз соати 10:00 то 20:00 ба намоиш гузошта мешавад

Лозим ба ёдоварист, ки 16 октябр дар Тоҷикистон  Рӯзи кинои тоҷик таҷлил гардида, бахшида ба ин рӯз ҳамасола аз 16 то 20 октябр  ҷашнвораи байналмилалии "Дидор" доир мегардад.

Барчаспҳо:
Ҷашнвораи "Дидор", синамо, фестивал, душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ