10:17 05 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
705 0 0

Вакили мудофеъи қалбакӣ ба боварии як шаҳрванд даромада, ваъда додааст, ки бар ивази 45 ҳазор сомонӣ писарашро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод менамояд

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Кормандони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон як сокини кишварро дастгир кардаанд, ки худро ҳомии ҳуқуқ муаррифӣ карда, аз шаҳрванди дигари Тоҷикистон маблағ ситонидааст.

Бино бар иттилои манбаъ, "Мавлутҷон Самихов бо мақсади ғаразнок ба боварии Чуҳригул Ширинова даромада, барои аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод намудани писари зан Раҳматулло Ширинов 45 000 сомонӣ гирифтааст".

Аммо ваъдаашро иҷро накардааст.

"Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотй Мавлутҷон Самихов ҳангоми баргардонидани маблағи 45000 сомонӣ дастгир карда шуд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Нисбати "ҳомии ҳуқуқ" бо моддаи 247 қисми 3 банди "а"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
қалбакӣ, вакили мудофеъ, фасод, Ожонси мубориза бо фасод, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ