Истиқболи Рамазон Раҳимзода аз вазири умури дохилаи Русия дар фурудгоҳи Душанбе

© Вазорати умури дохилаи ТоҷикистонИстиқболи вазири умури дохилаи Тоҷикистон аз Владимир Колоколсев дар фурудгоҳи Душанбе
Истиқболи вазири умури дохилаи Тоҷикистон аз Владимир Колоколсев дар фурудгоҳи Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури дохилаи Тоҷикистон ба ҳамтои русаш гуфт, ки аз ҳамкориҳои ду ниҳод дар самти мубориза бо ҷиноят хурсанд аст. Вай афзуд, "умед дорем дар ин замина ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем"

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода имрӯз, 16 октябр дар фурудгоҳи Душанбе ҳамтои русаш, вазири умури дохилаи Русия Владимир Колоколсевро пешвоз гирифт, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, Владимир Колоколсев барои ширкат  дар ҷаласаи навбатии Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба Душанбе сафар кардааст.

Ҷаласаи мушовараи якҷояи вазоратҳо, имрӯз дар Душанбе баргузор мешавад.

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон ба ҳамтои русаш гуфт, ки аз ҳамкориҳои ду ниҳод дар самти мубориза бо ҷиноят хурсанд аст. Вай афзуд, "умед дорем дар ин замина ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем".

Лентаи хабарҳо
0