09:06 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Укладка асфальта. архивное фото

Дар зарфи нӯҳ моҳ барои таъмири роҳҳои Суғд 40 млн. сомонӣ масраф шудааст

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской области
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
39 0 0

Дар нӯҳ моҳи соли равон бо маблағгузорӣ аз сарчашмаҳои гуногун дар вилояти Суғд 1893,1 километр роҳҳо аз таъмир карда шуд

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Бино бар иттилои ҳукумати вилояти Суғд, барои анҷоми корҳои навсозии роҳҳо аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, буҷети вилоятӣ, буҷети шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорону саховатмандон 89,8 млн. сомонӣ маблағ масраф шудааст.

 Манбаъ таъкид намудааст, ки аз ҳисоби буҷети вилоят барои таъмири роҳҳо 40,7 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардида, дар таъмири роҳҳои шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Зафаробод, Шаҳристон, Мастчоҳ, Ашт, Панҷакент, Хуҷанд, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров масраф шудааст.

Миқдори умумии роҳҳои таъмиршуда 152 километр ташкил дода, 871,8 километри дигар таъмири ҷорӣ ва 869,3 километр  шағалпӯш карда шудааст.

 

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, масраф, маблағ, маблағ, вилояти Суғд, таъмири роҳ

Мавзӯъҳои асосӣ