20:00 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Душанбинкий международный этно-джазовый фестиваль

Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург дар Душанбе оғоз шуд

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
127 0 0

Аз 18 то 19 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik.  Барои иштирок дар рӯзҳои фарҳанги шаҳри Санкт-Петербург дар Душанбе ҳайати ин шаҳр таҳти сарварии раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли Санкт-Петербург Дмитрий Чернейко рӯзи 17 октябр ба Душанбе ташриф овард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.

Биноӣ бар иттилои манбаъ,  ҳамчунин дар ҳайати намояндагии шаҳри Санкт-петербург, омӯзгорони рус, табибони варзида ва ҳунармнадони гурӯҳҳои эҷодии шаҳр низ ҳузур доранд.

Дар доираи ин сафар ҳайати шаҳри Санкт-Петербург бо муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиии ҷумҳурӣ Сумангул Тағойзода дидору гуфтушунид мекунад.

 Баргузории мулоқоти ин ҳайат имрӯз, 18 октябр дар Муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза” бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар  доираи рӯзҳои мазкур  дар  пойтахт   баргузории як зумра чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.

 Аз ҷумла, машварати табибони Санкт-Петербург барои аҳолии шаҳри Душанбе, табодули таҷриба дар соҳаи тандурустӣ, дарсҳои ихтисосӣ (мастер-класс) вобаста ба вокал ва навохтани асбобҳои мусиқӣ барои тарбиятгирандагони мактабҳои мусиқии шаҳри Душанбе, маърӯза-семинарҳо барои омӯзгорони забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ дар назар дошта шудааст.

Имрӯз, 18 октябр дар майдони “800-солагии Москва” назди Театри опера ва балети ба номи Садридин Айнӣ бо иштироки овозхонони операи Театри Мариинск Наталя Павлова ва Андрей Серов консерти бошукӯҳ баргузор мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ