Баргузории симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Душанбе

© © Sputnik / Амир ИсаевНациональная библиотека в Душанбе, архивное фото
Национальная библиотека в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Симпозиуми байналмилалӣ ду рӯз аз 19–20 октябр идома ёфта, зимни он ташкили намоишгоҳи нусхаҳои қадимӣ ва хаттотӣ дар васфи ҳазрати Мавлоно дар назар аст

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik.  Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба зодрӯзи мутафаккири барҷаста Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Мавлоно – васлгари халқҳо ва тамаддунҳо” ба кори худ оғоз кард.

Бейонсе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бейонсе номи фарзандонашро ба хотири Ҷалолиддини Румӣ иваз кард

Дар он олимону муҳаққиқон ва донишмандони Тоҷикистон, Туркия, Узбакистон, Эрону Афғонистон ва Олмон иштирок доранд.

Тибқи барномаи таҳияшуда, дар симпозиум масъалаҳои “Мавлоно ва мавлавишиносӣ дар Осиёи Марказӣ”, “Мавлоно ва мавлавишиносӣ дар Туркия”, “Нақш ва мақоми Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар густариши фарҳанги мадоро дар ҷаҳон”, “Масъалаҳои рӯзгор ва осоршиносии Мавлоно”, “Андешаву афкори фалсафӣ, ахлоқӣ ва эстетикии Мавлоно”, “Маснавии маънавӣ ва нақши он дар адабиёт ва фарҳанги ҷаҳон”, “Мавлоно ва ҷаҳони муосир” мавриди муҳокима қарор мегиранд.

Лентаи хабарҳо
0