Боз таъиноти кадрӣ: аз Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон то Вазорати тандурустӣ

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 20 октябр дар чанд сохтори давлатӣ таъиноти кадрӣ ба амал овард

ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Имрӯз бо Қарорҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно Саиднабӣ — муовини якуми Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳаётзода Фирдавс Ҷӯрахон — муовини Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амиршоев Шералӣ Темурович Сардори Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Дар ҳамин замина бо Қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шехов Абдукарим Ҷалолович бо сабаби вафот аз вазифаи Сардори Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно Саиднабӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0