Ятимов: як роҳбар гуфт, агар бо корманди КДАМ суҳбат кунам, мардум бо ман салом намекунад

© Sputnik / Амир ИсаевСаймумин Ятимов. Архивное фото
Саймумин Ятимов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки масъули гузарондани амалиёт алайҳи гуруҳҳои ҷиноӣ дар ВМКБ таъин шудааст, изҳор дошт, ки то ҳол ин гуруҳҳо ҳамагӣ 10-15 дарсади силоҳашонро супоридаанд

ДУШАНБЕ, 21 окт – Sputnik. Ятимов дар мулоқот бо фаъолон ва масъулини ВМКБ гуфт, дар Хоруғ 6 гуруҳи ҷиноятӣ ҳукм меронанд.

Директор фонда Ага-Хана в Таджикистане  Ёдгор Файзов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ёдгор Файзов: аз яроқ наметарсам, тарсам аз мафкураи мардум аст (ВИДЕО)

Ӯ афзуд, вақте мақомот ин гуруҳҳоро муташаккили ҷиноятӣ хитоб мекунад, баъзан онҳо вокуниши норозиёна нишон медиҳанд.

Ятимов таъкид намуд, ки гуруҳҳои Хоруғ ба меъёре, ки қонун нисбати иттиҳодияҳои ҷиноятӣ муайян кардааст, мувофиқ мебошанд.

“Ин шаш гуруҳ роҳбар дорад, таъмингар дорад, муҳофиз доранд, иҷрокунандаи амали ҷиноятӣ доранд, тақсимкунандаи яроқу аслиҳа доранд, дар хонаҳои саркардаҳои гуруҳҳои муташаккил, тарабхона ва ҷойҳои муайян ҷамъ мешаванд, ба якдигар тарзҳои гуногуни алоқа муайян кардаанд. Супоришҳои ҷинояткорона мегиранд, аз пайи иҷрои онҳо мешаванд”, - изҳор дошт раиси КДАМ.

Навори суҳбати ошкорои Саймумин Ятимов:

Ба гуфтаи ӯ, ин гуруҳҳо қисман одамҳои содалавҳро аз ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъа низ ҷалб кардаанд, ки гоҳҳо мушоҳида мешавад, ба шаҳри Хоруғ омада маслиҳатҳо мекунанд.

Раиси КДАМ афзуд, маҳз тавассути мавҷудияти ҳамин гуна гуруҳҳои муташаккил дар шаҳри Хоруғ, фазои носолими қонунвайронкунӣ ва одамбадбинӣ аз ҷониби гуруҳе аз ҷавонон, ки ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ хос нест, ба чашм мерасад.

“Гуруҳҳои ҷиноӣ кӯшиш мекунанд, Тоҷикистонро ба маҳалҳо ҷудо кунанд ва худро ғамгусори мардуми Бадахшон нишон доданӣ мешаванд”, - изҳор дошт Ятимов ва афзуд, ки онҳо фаромӯш мекунанд, ки ин сарзамин қаҳрамон Шириншоҳ Шоҳтемурро, ходимони шинохта Моёншо Назаршоев, Додихудоев ва садҳо ходими номдорро ба ин миллат додааст.

Ятимов изҳор дошт, ки таъмини тартибот ва талабот дар маҳаллаҳои Хоруғ пурзӯр карда мешавад, ки ба гуфтаи ӯ ин ба роҳбарони гуруҳҳои ҷиноӣ хуш нест, чун тартибот ба фаъолияти ҷинояткоронаи онҳо созгор нест.

“Гуноҳ макун, аз султон матарс”, - таъкид намуд раиси КДАМ.

Подготовка ГБАО к Наврузу - Sputnik Тоҷикистон
"Сходкаро бас кунед:" Ҳушдори Ситоди амният дар ВМКБ ба саркардагони гурӯҳҳои ҷиноӣ

Ӯ афзуд, ки корро нисбати роҳбарони гуруҳҳои ҷиноятӣ ҷиддӣ ва пурзӯр мекунанд.  

“Он чӣ ки моро то 15 октябр ором сохт, супоридани яроқу аслиҳа буд. Инҳо мардуми Хоруғро ба таҳлука андохтанд, ки ҳозир амалиёт мешавад, ана амалиёт мешавад. Салоҳият ва масъалаи гузарондани амалиёт зидди гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба дӯши раиси КДАМ гузошта шуд. Гузарондан, соати чанд ва муқобили кӣ? Ба муқобили аҳолӣ ягон хел амалиёт гузарондан намешавад, лекин дар зери нишони КДАМ, ВКД тамоми 6 гуруҳи ҷиноятиянд, ки ном ба ном ҳастанд”, - таъкид намуд Ятимов.

Ӯ афзуд, дар бораи чӣ қадар яроқ доштани гуруҳҳои ҷиноятии шаҳри Хоруғ маълумотҳои дақиқ рӯи даст доранд.

“Дар ҳавлии онҳо чанд нафар бо яроқ истодаанд, навъҳои яроқи онҳо. Мо захираи тирҳояшонро медонем. Шабҳо дар кадом болохона пулемёти Калашников, дар кадом маршрут гранатамёт гирифтагиянд, разведчикҳояшон дар куҷо кор мекунанд, ҳамаашро медонем”, - гуфт раиси КДАМ.

Подготовка ГБАО к Наврузу - Sputnik Тоҷикистон
"Дар се рӯз силоҳҳоро супоред": муроҷиати Ситоди таъмини амният дар ВМКБ

Саймуъмин Ятимов баробари зикри доштани маълумот, таъкид намуд, ки модоме якдигарфаҳмӣ аст, саркардаҳои гуруҳҳои ҷиноятӣ  яроқро супорида истодаанд.

Ӯ афзуд, ки тибқи ҳисоби онҳо он 170-180 яроқе, ки супоридаанд ҳамагӣ 10 – 15 фоизи силоҳи ин гуруҳҳоро ташкил медиҳад.

“Талаби ситод ин аст, ки то охир, то як дона тир супоранд. Ин як дона тир, як таппончаи Макаров, як пулемёт онҳоро муҳофизат намекунад, наметавонад муҳофизат кунад”, - изҳор дошт Ятимов.

Ӯ таъкид намуд, ки агар яроқро пурра супоранд, муқобили онҳо ягон намуди амалиёт гузаронда намешавад.

“Агар насупоранд, ҷинояткорӣ идома ёбад, оқибаташ тибқи қонун чораандешӣ мешавад”, - гуфт Ятимов.

Ӯ афзуд, ки “сходка”-ҳо низ минбаъд ҳамчун аъмоли ҷиноӣ ба қайд гирифта шуда, чораандешӣ мешавад.

“Марҳамат тӯй, маърака, дӯсту рафиқ рафта бишин, лекин ҷавононро ҷалб кардан, ҳаракате аст, ки аз вуҷуди гуруҳи муташаккили ҷиноӣ ба тарзи дақиқ шаҳодат медиҳад ва он ҳамчун таркиби ҷиноят ба қайд гирифта мешавад”, - ҳушдор дод Ятимов.

Раиси КДАМ бо изҳори нигаронӣ аз вазъи ҷиноӣ дар Хоруғ гуфт,  дар 27-умин солгарди Истиқлолият ҷой доштани чунин ҳолатро дар кор накардани низоми ягонаи ҷомеа мебинад, чунки тамоми аъмоли ҷиноӣ дар пеши чашми муаллим, духтур, кормандони давлат ва дигар табақаҳои ҷомеа мегузаранд ва зиёиҳо ягон нақше надоранд.

Ятимов зимни мулоқот гуфт, як шахси мансабдори бисёр масъул зимни суҳбат ба ӯ гуфтааст, ки барои гуруҳҳои ҷиноии шаҳри Хоруғ, на Худо, на Волоҳазрат Имом, на раиси вилоят, на раиси маҳалла ва на шоиру нависанда ягон эътибор надоранд.

“Аз ин айби бештаре дигар нест, бояд бартараф шавад. Ташаббусро ба дасти худ гиред. Бо ҷинояткор ба мисли ҷинояткор муносибат кардан даркор. Бо ҷинояткор муфаттиш гап занад, чӣ раиси вилояту шаҳр гап занад?  Қонун ҳаст, тартибот муайян шудааст”, - изҳор дошт Ятимов.

Рейд милиции в педагогическом университете  - Sputnik Тоҷикистон
Вокуниши Вазорати фарҳанг ба ВУД: милисаҳо дар рейд омӯзгорону донишҷӯёнро таҳқир карданд

Ятимов афзуд, ки ҳамчун узви Ҳукумати Тоҷикистон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ то сатҳи вилояту шаҳру ноҳия қотеона талаб дорад, ки дар доираи салоҳиятҳои худ зидди ҷинояткорӣ мубориза баранд.

“Касоне дар мубориза бо ҷинояткорҳо дурӯягӣ, бесалоҳиятӣ, камҳавсалагӣ нишон медиҳанд, ҳар чӣ тезтар халос шаванд, кадрҳо бисёранд. Ман як нафари сатҳи вилоятиро пурсидам, ки барои чӣ қатии фалон корманди давлатӣ суҳбат накардед? Ӯ мегӯяд, агар ман ҳозир омада қатии корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар пеши дарашон суҳбат кунам, ин мардум қатии ман дигар салом намекунанд. Аҷаб! Як соат бояд чунин роҳбар кор накунад. Мо ҳамаашро медонем, ки кӣ ин ҷо як гапу дигар ҷо дигар мегӯяд. Дурӯягӣ ҳамааш аз мақомоти ноҳия, шаҳр ва вилоят аст. Барои ҳамин онҳо қувват гирифтанд”, - изҳор дошт Ятимов.

Ӯ таъкид намуд, ки алайҳи гуруҳҳои ҷиноятӣ  якрӯ, яктан, тибқи қонунҳои амалкунанда дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ бояд мубориза бурд.

Лентаи хабарҳо
0