14:19 14 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.60
  • RUB0.14
Ведущие программы Орел и Решка

“Бутилка” бо 100 доллари “Орёл и решка” дар Душанбе пайдо шуд (АКСУ ВИДЕО)

Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
94800

Зарфи шишагӣ бо 100 доллари амрикоӣ, ки барандаҳои “Орёл и решка” дар Душанбе пинҳон карда буданд, аз ҷониби хонандаи синфи 8-ум Никита Лоянкий пайдо карда шудааст

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Масъулини  “Орёл и решка” дар саҳифаи барнома дар Инстаграм иттилоъ додаанд, ки ганҷинаро дар пойтахти Тоҷикистон  хонандаи синфи 8-ум Никита Лоянский пайдо намудааст.

Барномаи ахири  “Орёл и решка”, ки ба Тоҷикистон бахшида шуда буд, охири моҳи августи соли равон нашр шуда буд.

Тибқи анъана барандагони ин барнома дар як гӯшаи шаҳре, ки меҳмонаш мешаванд, зарфи шишагӣ, ё худ “бутилка” бо 100 долларро пинҳон мекунанд.

Ганҷинаи навбатии худро дар Душанбе дар кӯчаи Нисор Муҳаммад, дар наздикии кӯчаи Лоҳутӣ, дар боми яке аз дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ пинҳон кардаанд.

Дар барнома аз иқлиму табиат, мардум ва анъанаҳо, махсусан меҳмоннавозии тоҷикистониён тавсиф шуда буд.

 

Барчаспҳо:
доллар, зарф, Душанбе, барнома, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ