13:40 14 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.60
  • RUB0.14
Самолет авиакомпании Сомон Эйр, архивное фото

Парвози “Сомон Эйр” аз шаҳри Санкт-Петербург 13 соат ба таъхир афтод

© Официальный сайт
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
173 0 0

Мусофирони хатсайри ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" дар шаҳр Санкт-Петербург тавонистанд пас аз 13 соати интизорӣ ба Ватан парвоз кунанд

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Дар фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербург рӯзи якшанбе парвози ҳавопаймои ширкати "Сомони Эйр"-ро, ки ба самти  Душанбе парвоз мекард, ба 13,5 соат ба таъхир андохтанд.  

Тибқи нақша  парвоз бояд шаби 21 октябр, соати 11:30 сурат мегирфт, аммо ҳавопаймо танҳо рӯзи 22 октябр соати 01:00 парвоз кард.

Инчунин парвозҳои чанд ҳавопаймоҳои дигар, ки ба самтҳои Франкфурт, Теҳрон ва Маскав парвоз мекарданд низ ба таъхир андохта шуд.

Ёдовар мешавем, ки ба таъхир андохтани парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” бори аввал нест ва ин гуна тағйиротҳо дар парвоз, боиси нороҳати мусофирон шудааст.

Барои мисол рӯзи 9-уми октябри соли равон парвози ҳавопаймои ҳамин ширкат, ки бояд ба самти Санкт-Петербург–Хуҷанд парвоз мекард ба таъхир андохта шуда буд.   

Барчаспҳо:
ҳавопаймо, ба таъхир афтод, таъхир, Сомон Эйр, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ