00:29 18 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.68
  • RUB0.14
Эмомали Рахмон открыл гимназию номер 1 в городе Худжанде

Тавсифи раисҷумҳур аз сатҳи дониши толибилмони вилояти Суғд

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
394 0 0

Дар соли таҳсили 2017-2018 139 нафар хонандагони мактабҳои вилояти Суғд дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шудаанд, ки ин натиҷаи хуб мебошад, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Гимназияи рақами 1 дар шаҳри Хуҷанд аз сатҳи дониши хонандагони вилояти Суғд тавсиф кардааст.

Раисҷумҳур дар суханронӣ дар назди ҳозирон изҳор доштааст, ки дар вилоят ба сатҳу сифати дониши хонанадгарон эътибори зарурӣ дода мешавад.

"Маҳз дар натиҷаи заҳмати аҳли маориф ва муносибати ҷиддиву эҷодкоронаи онҳо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят дар олимпиадаву озмунҳои гуногуни дохиливу байналмилалӣ фаъолона ширкат карда, соҳиби мақому ҷоизаҳои ифтихорӣ мегарданд", - таъкид доштааст кишвардор.

1 / 2
Эмомали Рахмон открыл гимназию номер 1 в городе Худжанде

Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, ки "дар соли таҳсили 2017-2018 139 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шудаанд, ки ин натиҷаи хуб мебошад".

"Ҳамчунин, дар олимпиадаҳои байналмилалие, ки дар кишварҳои гуногуни хориҷӣ баргузор гардидаанд, шогирдони мактабҳои таҳсилоти умумии вилоят фаъолона иштирок карда, беш аз 200 нафари онҳо сазовори ҷойҳои ифтихориву ҷоизаҳо шудаанд", - гуфтааст раисҷумҳур.

Барчаспҳо:
в. Суғд, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ