Ҷопон фарҳанги худро дар Душанбе намоиш медиҳад

© AP / Junji KurokawaАэропорт Токио. Архивное фото
Аэропорт Токио. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон рӯзҳои 27 ва 28 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе намоиши фарҳангии “Рӯзҳои Ҷопон” баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik.  Бино бар иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, рӯзҳои 27-28 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷашнвораи фарҳангии “Рӯзҳои Ҷопон” баргузор мегардад.

министр культуры РТ Орумбекзода, архифное фото - Sputnik Тоҷикистон
Орумбекзода: Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон марҳилаи нави ҳамкорист

Манбаъ иттилоъ додааст, ки ифтитоҳи ботантани Рӯзҳо ва барномаи консертӣ шоми 27 октябр соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор мешавад.

Дар консерти мазкур, мусиқии тоҷикӣ, аз ҷониби ҳунарманди ҷопонӣ ва мусиқии ҷопонӣ аз ҷониби ҳунарманди тоҷик садо хоҳад дод.

Дар охир, донишҷӯёни Донишкадаи забонҳои тоҷикӣ ва Донишгоҳи славянӣ-тоҷикӣ рақси суннатии ҷопонии “Сора Буси”-ро , ки хоси мардуми ҷазираи шимолии Ҷопон -Хоккайдо мебошад, иҷро менамоянд.

Инчунин қабл аз ифтитоҳи расмӣ аз соати 16:30 то 17:30 дар фойеи театр намоиши ҳунарҳои мардумии Ҷопон ва Тоҷикистон манзури меҳмонони ҳамоиш баргузор мегардад.

Рӯзҳои 27-28 октябри соли равон дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои сайёҳӣ ва техникӣ, либоси миллӣ, хӯроки миллӣ сурат мегирад. 

Душанбинкий международный этно-джазовый фестиваль - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург дар Душанбе оғоз шуд

Намоиши фарҳангии Ҷопон аз намоишҳои мухталифи фарҳангу суннатҳои Ҷопон ва Тоҷикистон иборат ҳаст. Мавзӯи чорабинӣ “Туризм ва ҳунарҳои мардумии Ҷопон” мебошад, ки ба соли рушди туризм ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон бахшида шуда аст. 

“Рӯзҳои Ҷопон” аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ мешавад.

Даромади чорабинии мазкур ройгон мебошад.

Лентаи хабарҳо
0