14:49 14 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.60
  • RUB0.14
Мэр Душанбе Рустам Эмомали

Пешниҳоди Рустам Эмомалӣ ба Ҳукумат: истифодаи оинаҳои сиёҳшиша дар нақлиёт манъ шавад

© Sputnik Amir Isaev
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
382310

Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод кардааст, ки барои таъмини амнияти мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятӣ истифодаи оинаҳои сиёҳшиша манъ карда шавад

ДУШАНБЕ, 25 окт – Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намудааст, ки дар ҳудуди пойтахт истифодаи шишаҳои сиёҳ дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ манъ карда шавад. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе иттилоъ медиҳад.

"Рустами Эмомалӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати манъи истифодаи оинаҳои сиёҳшиша дар воситаҳои  нақлиётии муассисаву корхонаҳое, ки сарфи назар аз шакли моликияташон дар пойтахт ба мусофиркашонӣ машғул мебошанд, пешниҳоди вижа намуд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Мн пешниҳод "бо мақсади таъмини бехатарӣ ва амнияти мусофирон дар нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сокинон ва меҳмонони пойтахт" ироа гаштааст.

Ёдрас мешавем, истифодаи оинаи сиёҳ дар худравҳо дар Тоҷикистон танҳо дар ҳолати гирифтани иҷозати махсус мумкин аст.

Мавзӯъҳои асосӣ