22:54 17 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.68
  • RUB0.14
ДТП под Сызранью 9 мая

Марги Алишер дар пайи чаппашавии "Тойота" дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ

© Фото: фото Маленькая Сызрань
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2999 0 0

Алишер Фатуллоевро баъди садама ба беморхона дастрас карданд. Аммо мутассисфона ӯро табибон наҷот дода натавонистанд

ДУШАНБЕ, 25 окт – Sputnik. Дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ дар пайи чаппашавии худрав ронанда ҳалок шуд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манюбаъ, ҳодиса 23 октябр соати 22:10 дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон рух додааст.

"Алишер Фатуллоеви 25-сола ронандаи  автомашинаи тамғаи “Тойота-Марк”  ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Рушон ба самти маҳаллаи Ҷангалак, дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа намудааст", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ронандаро ба беморхона интиқол додаанд, аммо бо далели ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш, ӯро табибон наҷот дода натавонистаанд.

Таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ