Додситонӣ ба Бобоҷон Ширинов барои қатли ҳамсар 20 соли зиндон талаб кард

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкЗаключенный в колонии, архивное фото
Заключенный в колонии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Айбдоркунандаи давлатӣ ба Бобоҷон Ширинов, ба писари генерал Раҷаби Ширин, ки дар куштори ҳамсараш айбдор дониста мешавад, 20 соли зиндонро дархост намуд

ДУШАНБЕ, 25 окт – Sputnik. Ҳукми Бобоҷон Ширинов рӯзи 29 октябри соли равон эълон хоҳад шуд. Айбдоркунанда гуфтааст, ки Бобоҷон Ширинзода, соли таваллудаш 1985, ҳамсари собиқаш Моҳира Ятимова, соли таваллудаш 1985-ро бо як бераҳмии махсус дар пеши чашми фарзандонаш куштааст ва дар ҷараёни тафтишот гуноҳи ӯ комилан собит шуд.

Баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати Бобоҷон Ширинов мутобиқи моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (одамкушӣ бо бераҳмии махсус) нимаи моҳи сентябр дар додгоҳи шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Человек в наручниках. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хоҳари Моҳира Ятимова: Бобоҷон Шириновро то ҳол аз ҳуқуқи падарӣ маҳрум накардаанд

Дар ҷараёни тафтишот айбдоршаванда пурра ба гуноҳи худ иқрор шуда, аммо дар рафти мурофиаи додгоҳӣ бо ишораи аз хотир баровардани баъзе ҳолатҳо, худро қисман гунаҳкор донист, ҳарчанд ташхиси пеш аз додгоҳ ӯро комилан солим дониста буд.

Бобоҷон Ширинови 33-сола, собиқ котиби додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон моҳи июн ба гумони даст доштан дар куштори ҳамсараш боздошт шуд.

Бобоҷон Ширинзода бегоҳи 6 июн ҳамсари собиқаш Моҳира Ятимоваро, ки барои дидани фарзандонаш омада буд, дар пеши чашми ду кӯдаки ноболиғ бераҳмона чанд зарбаи корд задаст. 

Дар натиҷа ҳамсараш Моҳира Ятимова ҷароҳат бардошта, дар бемористон ба ҳалокат расид. Сабаби муноқиша байни ҳамсарон тақсими амвол ва кӯдакон унвон мешавад.

Бобоҷон Ширинзода бар асоси қисми дуюми моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба одамкушӣ бо бераҳмии махсус айбдор мешавад. Ин банди қонун ҳамчун муҷозот аз 15 то 25 соли зиндон бо мусодираи молу мулкро пешбинӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0