22:40 17 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.68
  • RUB0.14
Эмомали Рахмон открыл Центр плов в Худжанде

Сӣ дег оши палав ва озмуни харбузахӯрӣ ба пешвози раисҷумҳур дар Қасри Арбоб

© Пресс-служба президента РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
800 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Қасри Арбоб дар тантанаҳои Фестивали "Оши палав", "Иди асалу харбуза" ва "Шириниҳои миллӣ" иштирок кард

ДУШАНБЕ, 25 окт – Sputnik. Дар Қасри Арбоб ба пешвози раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тантанаҳои идона баргузор карда шуд.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ин ҷо навъҳои гуногуни меваву сабзавот, аз қабили  харбуза, тарбуз, каду, себ, ангур, нок, хурмо, анор ва меваи хушкро ба маъраз гузошта шуд. Ҳамчунин намоиши маҳсулоти нонӣ ва 27 намуди ширинии миллӣ, ба монанди ҳалвои кунҷитдор, наботи "Муфассал", парвардаи "Ковок", нишолло ва ғайра ташкил карда шуд.

Дар ҷойи баргузории "Иди асалу харбуза" ва "Шириниҳои миллӣ" пирамида, хаймаҳо, катҳои миллӣ, нуқтаҳои намоиши харбузабурӣ, маҳсулоти аз харбуза коркардшуда дар маъраз буд.

Дар доираи ин чорабинии бошукӯҳ озмун ва мусобиқаҳо бо шарту шароити шавқовар гузаронида шуданд. Аз ҷумла, озмуни зуд хӯрдани харбуза миёни ҷавонон баргузор гардид.

Ҳамчунин дар  ин намоишгоҳ занбӯрпарварони 12 шаҳру ноҳияҳои вилоят навъҳои гуногуни асал ва прополисро ба  маъраз гузоштанд.

"Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фаровонии маҳсулоти асал, тарбузу харбуза, ангур, помидор ва дигар навъҳои меваю сабзавот ва полезию лӯбиёгиҳо, ки аксаран маҳсулоти содиротӣ аст, изҳори хушнудӣ намуда, таъкид дошт, ки истеҳсоли чунин маҳсулот ва коркарди саноатии он бояд сол ба сол афзун гардад ва аз ин ҳисоб қудрати содиротии Тоҷикистон боло бардошта шавад", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар ҳамин рӯз ҳамчунин даври ниҳоии Фестивали "Оши палав" баргузор гардид, ки дар он беҳтарин ошпазҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, дар 30 дег таоми миллии мардуми тоҷик- оши палавро  омода карданд.

Ошпазони моҳир аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Исфара, Гулистон, Бӯстон, Ашт, Истиқлол, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Деваштич, Шаҳристон, Спитамен, Конибодом, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов  ва Зафаробод ҳунари волои худро муаррифӣ карданд.

Дар охири чорабинӣ ба иштирокчиёни беҳтарини Фестивали "Оши палав ва шириниҳои миллӣ" аз рӯи панҷ номинатсия: "Ошпази беҳтарин", “Ошхӯри беҳтарин”, “Хаймаи беҳтарин”, “Фолклори беҳтарин” ва “Қанноди беҳтарин” мукофотҳои молию пулӣ тақдим карда шуд.

Ба муносибати ташрифи  Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни Қасри Арбоб ҳунари адрасбофии дастӣ ва маҳсулоти тарроҳону пардозгарони либосҳои миллӣ, гулдӯзону зардӯзон, қолинбофон, чӯбтарошон, наққошону рассомон, оҳангарону мисгарон, устоҳои асбоби миллии мусиқӣ, зарфҳо ва ашёи рӯзгор ба намоиш гузошта шуд.

Сутунҳои даромадгоҳи Қасри бошукуҳи Арбоб бо намудҳои гуногуни атласу адрас оро дода шуда, фазои инҷоро зебову дилрабо карда буд.

Дар охир барномаи рангини ҳунарӣ, ки таърихи рушди санъати атлас ва адрасбофиро тавассути саҳнаҳо инъикос менамуд, аз рӯи шартҳои озмун муайян шуданд. Ба иштирокчиёни муваффақ ва ғолиб барои бофтани атласу адраси хушсифат ҷоизаҳо муайян карда шуда буд, ки онро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд.

Мавзӯъҳои асосӣ