Шарҳи ҳукумати ВМКБ дар бораи галстукбандӣ ва супориши Ёдгор Файзов

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкПамятник Исмаилу Самани в городе Хорог.
Памятник Исмаилу Самани в городе Хорог. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастгоҳи раиси ВМКБ талаботи галстукбандиро дар бинои ҳукумати вилоят шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Ёдгор Файзов, раиси навтаъини ВМКБ, дастур додааст, ки мансабдорони давлатии вилоят, новобаста аз серкорию сарбориҳо бояд шанберо интизор нашуда, корафтодагонро ҳамарӯза қабул намоянд.

Государственный флаг Таджикистана в городе Хорог. - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумат ба бекорони ВМКБ кор дар Суғду Хатлон ва Русия пешниҳод кард

Азорабек Мирзобеков, масъули шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси ВМКБ, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ки масъулини вилоят муваззаф шудаанд, ҳамарӯза корафтодагонеро, ки аз навоҳии дурдаст ба Хоруғ меоянд, қабул кунанд. 

“Қабули шаҳрвандон на танҳо рӯзҳои шанбе, балки ҳамарӯза сурат мегирад. Раиси нав супориш дод, ки шаҳрвандон, махсусан онҳое, ки аз навоҳии дурдаст меоянд, рӯзи шанберо интизор нашаванд”, - изҳор дошт Мирзобеков.

Дар мавриди талаботи галстукбандӣ, Мирзобеков изҳор дошт, ки дар идораи ҳукумат талабот нисбати сарулибос аст, ки бояд расмӣ бошад. Ӯ таъкид намуд, ки талаботи либоси расмӣ танҳо ба кормандони ҳукумат рабт дошта, риояи он аз ҷониби шаҳрвандону муроҷиаткунандагон талаб карда намешавад.

Пост БДА в Хороге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Изҳороти “саркарда”-ҳои ҷиноии ВМКБ: силоҳро ихтиёран супоридем, корҳои мулкӣ мекунем

“Шаҳрвандоне, ки мехоҳанд ба идораҳои давлатӣ, аз ҷумла бинои ҳукумати вилоят ворид шаванду муроҷиату арз кунанд, озоданд ва ҳеч талаботе нисбати сарулибосашон ҷой надорад. Муроҷиаткунандагон метавонанд намояндагони касбу кори гуногун аз минтақаҳои дурдаст бошанд ва албатта аз онҳо риояи либоси расмӣ талаб карда намешавад”, - таъкид намуд Мирзобеков.

Масъулини ҳукумати ВМКБ мегӯянд, агар то ҳол камбудие дар ин бахш ҷой доштааст, он бартараф гардида, такрор нахоҳад шуд.

Ахиран бархе аз сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон хостори дастрасии бештари корафтодагон ба идораҳои давлатӣ ва ҳалли мушкили нақлиёти мусофирбар шуданд

Сорбон Юноев, кишоварз аз ВМКБ, ки бо нашри аксҳои ҳаёти деҳқонияш дар шабакаҳои иҷтимоӣ шинохта шудааст, гуфт, натавонист вориди бинои ҳукумати вилоят шавад.

Государственный флаг Таджикистана в городе Хорог. - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумат ба бекорони ВМКБ кор дар Суғду Хатлон ва Русия пешниҳод кард

 “Ба Хоруғ рафтам ва коре дар ҳукумати вилоят доштам. Хостам ворид шавам, аммо маро нагузоштанд. Гуфтанд галстук надорӣ, мумкин нест, ин супориши муовини раиси вилоят мебошад”, - изҳор дошт Юноев. Ӯ, ки инчунин узви фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, интизориҳои зиёди мусофиронро дар маҳаллаҳои атрофи Хоруғ зикр карда, хост масъулини вилоят ба ин масъала низ таваҷҷуҳ намоянд. 

Ин дар ҳолест ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба масъулини ВМКБ дастур дод, ки бо мардум наздик бошанду дар ҳалли мушкилашон ҳаматарафа мусоидат намоянд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, низ интиқод кард, ки бетафовутӣ ва бефаъолиятии мақомоти давлатӣ дар ВМКБ нисбати муроҷиати шаҳрвандон боиси он шудааст, ки корафтодагон барои ҳалли мушкилашон ба ҳар гуна гуруҳҳои дигар муроҷиат намоянд.

Председатель ГКНБ РТ Саймумин Ятимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Занги Президент, кафолат ва шеърхонии Ятимов: оташ назанад ҳеч касе хонаи худро

Сокинони ВМКБ мегӯянд, аз Ёдгор Файзов, раиси нави вилоят, ки таҷрибаи хуби ҳамкорӣ бо мардумро дорад, интизории дастрасии озоди корафтодагон ба идораҳои давлатӣ ва ҳалли масъалаҳоеро интизоранд, ки воқеан муҳиманд.

Инчунин гуруҳи сокинони ВМКБ хостори ҳалли мушкили нақлиёти мусофирбар аз минтақаҳои атроф ба шаҳри Хоруғ шудаанд. Ба гуфтаи сокинон баъзан мардуми навоҳӣ ва маҳаллаҳои атрофи шаҳр соатҳо дар канори роҳ меистанд, то нақлиётро барои сафар ба маркази ВМКБ пайдо намоянд.

Лентаи хабарҳо
0