13:56 14 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.60
  • RUB0.14
Новая надежда Кыргызстана — иноходец Ганк принес хозяину 700 лошадей

Шикояти марди 61-сола: аспи 10 ҳазор сомонаамро дуздиданд

Sputnik. Расул Усеналиев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
182 0 0

Ба гуфтаи мард, ҳанӯз моҳҳои июл шахсони номаълум ба чарогоҳи деҳаашон даромада, як сар аспи зотиашро рабудаанд

ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Дар ноҳияи Қубодиён марди 61-солае ба шӯъбаи милиса шикоят бурдааст, ки аспи гаронбаҳояшро рабудаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, шаби 4 ба 5-уми июли соли 2018 шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз чарогоҳи деҳаи Ҳаваскори ноҳияи Қубодиён ворид  шуда, 1-сар асп, ки арзишаш 10000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои опертивӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Шаҳритус, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 ва 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуд", - гуфта мешавад дар итилои манбаъ.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ