Тоҷикистон рутбаҳои низомии даврони Иттиҳоди Шӯравиро иваз менамояд

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаВоенные Таджикистана
Военные Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Донишмандони Тоҷикистон мехоҳанд рутбаҳои ҳарбии даврони Иттиҳоди Шӯравиро ба забони тоҷикӣ баргардонанд. Ҳоло онҳо навиштаҳои замони Ҳахоманишиён, Сосониҳо ва Сомониёнро таҳқиқ доранд

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Тоҷикистон рутбаҳои ҳарбӣ, ки аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ мондааст иваз хоҳад кард, иттилоъ додааст Абдураҳим Зулфониён, сардори шӯъбаи танзими Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон. 

Гавхар Шарофзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи забон: номи Облоқул шакли туркишудаи Аллоҳу Акбар аст, барои ҳамин иҷоза надодем

Бино ба иттилои хабаргузории Sputnik, мақомоти кумита барои таҳия ва баррасии тарҷумаҳо як гуруҳи кории иборат аз донишмандони забону таърих ва низомиҳоро ҳам таъсис доданд. Мутахассисони тоҷик рутбаҳо ва воҳидҳои ҳарбиро низ тарҷума хоҳанд кард.

Зулфониён гуфт, барои тарҷума ва мувофиқ кардани рутбаҳои ҳарбӣ ба тоҷикӣ аз сарчашмаҳо ва китоби таърихи даврони Ҳахоманишиҳо, Сосониҳо ва Сомониён истифода намудаанд.

“Мутахассисон алакой намунаҳои тоҷикии рутбаҳои низомиро дар даст доранд: ефрейтор – радабон, сержанти хурд – даставар, сержанти калон – дастабон, сержант – дастаёр, старшина – сардаста, капитан – садавар, "подполковник" лашкарёр ва рутбаи "полковник" сарлашкар.  

Дар ҳамин ҳол, Абдураҳим Зулфониён, таъкид намудааст, ки ҳоло истилоҳи генерал-майор, генерал-лейтенант ва генерал-полковник баргардон нашудааст.

Қаблан генерал Саидамир Зуҳуров, раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфта буд, ки истилоҳи генерал натанҳо дар забони русӣ, балки дар ҳамаи забонҳои дунё ба шакли "женерол" ё "ҷенерал" истифода мешавад ва зарур нест, ҳатман баргардон шавад.

Лентаи хабарҳо
0