00:17 18 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.68
  • RUB0.14
Тележки на рынке, архивное фото

Ҷаримаи волидон барои пулчинии фарзанди мактабхон дар нақлиёт ва фурӯши мева дар бозор

© Sputnik / Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
318 0 0

Муҳаммадҷон Нуриддинов хонандаи синфи 6 ва Исматзода Паймона хонандаи синфи 5 тарки таълим дар мактаб намуда, яке дар нақлиёт пулчинӣ ва дигаре дар бозор бо модарашон пулчинӣ кардаанд. Додситонӣ нисбати волидон парванда боз карда, онҳоро ҷарима кардааст

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Дар шаҳри Ваҳдат ду падару модарро барои нақзи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар" ҷарима карданданд.

Тавре Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад, "хонандаи синфи 6-и мактаби рақами 2 шаҳри Вахдат Нуриддинов Муҳаммадҷон Файзиддинович аз беназорати ва бемасъулиятии падараш  истифода бурда, ба муассисаи таълими нарафта, дар машғулиятҳои таълимӣ иштирок накарда, ба ҷамъ кардани маблағи роҳкирои дар накдиёти мусофиркашй маннул гардидааст".

Ба ҳамин монанд, 1 октябри соли 2018 хонандаи синфи 5-уми МТМУ №26 шаҳри Вахдат Исматзода Паймонаи Фарух аз беназорати ва бемасъулиятии модараш  истифода бурда, дар бозори марказии шаҳр ба фуруши меваҷотй машғул гардидааст.

Додгоҳ қарор додааст, ки волидони Паймона ва Муҳаммадҷон барои нақзи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар" 150 сомонӣ ҷарима карда шаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ