13:40 14 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.60
  • RUB0.14
Мужчина закрывает портфель, архивное фото

Сафири нави Қирғизистон дар Тоҷикистон таъйин шуд

Sputnik / Дмитрий Астахов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
62 0 0

Жаниш Русенбеков, сафири нави Қирғизистон дар Тоҷикистон Мирослав Ниёзовро, ки қаблан сари ин мансаб буд, иваз намуд

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Парлумони Қирғизистон номзадии сафири нави ин кишварро дар Тоҷикистон тасдиқ намуд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Тавре хабаргузорӣ иттилоъ медиҳад, таъйини сафири нав дар Тоҷикистон бинобар сабаби анҷом ёфтани ваколатҳои Мирослав Ниёзов сурат гирифтааст.

Жаниш Рустенбеков айни замон сафири Қирғизистон дар Туркманистон буда, ӯ  акнун Мирослав Ниёзовро, ки тӯли чор сол сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон буд, иваз мекунад.

Жаниш Рустенбеков, 69 сола мебошад. Хатмкардаи Донишкадаи энергетикии Маскав (соли 1973). Солҳои гуногун ба ҳайси котиби давлатии назди президент, губернатори вилояти Ош, вакили Маҷлиси намояндагони халқи Жогорку Кенеш, вазири ҳолатҳои фавқулода ва сафири Қирғизистон дар Қазоқистон фаъолият намудааст.

Барчаспҳо:
Парлумон, таъйин, сафири нав, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ