22:48 17 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.68
  • RUB0.14
Снос здания, архивное фото

Дар Тоҷикистон сохтмончиён биноҳои ғайриқонунӣ сохташударо аз ҳисоби худ тахриб мекунанд

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
154 0 0

Вакилони мардумӣ дар оғози иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуданд.

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Сохтмончиёне, ки ғайриқонунӣ бино месозанд уҳдадор карда мешаванд, ки аз ҳисоб худ онҳоро тахриб кунанд, хабар додааст дафтари матбуотии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон.

Манбаъ афзудааст, ки дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Лоиҳаи Қонуни пешниҳодгардида бо мақсади такмил додани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи меъморӣ ва сохтмон, боз ҳам беҳтар намудани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон таҳия гардидааст.

"Дар сурати қабул гардидани лоиҳаи қонуни мазкур, барои мукаммал ва мушаххас намудани муқаррароти моддаҳои дахлдори Кодекси шаҳрсозӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта мешавад",- таъкид намудааст манбаъ.

Қаблан тахрби биноҳои ғайриқонунӣ сохташуда бар души давлат гузошта шуда буд. 

Ҳамчунин манбаъ иитилоъ додааст, ки ҳамаи масъалаҳои ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳодшуда барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ равона шудаанд.

 

Барчаспҳо:
сохтмон, душанбе, Маҷлиси намояндагон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ