23:08 17 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.68
  • RUB0.14
Истиқболи гуруҳи вакилони Думаи давлатии Русия таҳти роҳбарии Владимир Жириновский дар Қалъаи Ҳисор

Бо нону намак ва карнай зери чатри "ЛДПР": истиқболи Жириновский дар Ҳисор (АКСУ ВИДЕО)

сафҳаи фейсбукии Михаил Дегтярёв
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
666020

Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал - демократи Русия дар садри як ҳайати вакилони Думаи давлатӣ аз Қалъаи Ҳисор боздид кард

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Тибқи навори нашркардаи Михаил Дегтярёв, вакили Думаи давлатӣ, яке аз аъзои ҳайати Русия, Жириновский ва ҳамроҳонашро дар Қалъаи Ҳисор бо нону намак зери навои карнайу сурнай ва қатори ҷавонони миллипӯш пешвоз гирифтанд.

Михаил Дегтярёв навори истиқбол аз вакилони Думаи давлатиро дар саҳифаи фейсбукияш нашр кардааст.

 

Қаблан дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки меҳмононро дар фурудгоҳ Абдуҷаббор Азизӣ, муовини аввали раиси палатаи поёнии парлумон истиқбол гирифт. 

Боздиди ҳайати меҳмонон аз қалъаи Ҳисор ва инчунин шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав дар назар аст.

Боздиди Жириновский аз ангурзорҳои Шаҳринаву Турсунзода дар ҳоле дар назар аст, ки мақомоти тоҷик бисёри  меҳмонҳои воломақомро ба ин токзорҳо мебаранд. Дар ин навоҳӣ токзорҳои маъруф, аз ҷумла "Боғи Сомон", “Ҳоҷӣ Неъмат” ва “Ватан” ҷойгир мебошанд, ки ба кишоварзони шинохта – Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов ва Камол Мадумаров тааллуқ доранд.

Инчунин ба ҳайати вакилони Русия, таҳти роҳбарии Жириновский, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз ва бозори навбунёди шаҳри Душанбе – “Меҳргон”-ро нишон хоҳанд дод.

Қаблан Жириновский аз маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, аз ҷумла қулфинай, ё “клубник” тавсиф карда, изҳор дошт, ки Русия бояд ба ин навъи маҳсулот, ки аз нигоҳи экологӣ тоза мебошанд, рӯй орад.

Бар асоси иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, 1 ноябр мулоқоти вакилони Русия таҳти роҳбарии Жириновский бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар назар аст. Инчунин вохӯрӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Дар доираи сафари дурӯза, мулоқоти вакилон бо донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия тарҳрезӣ гардидааст.

 

Мавзӯъҳои асосӣ