22:00 17 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.68
  • RUB0.14
Камеры видеонаблюдения на дорогах Душанбе. Архивное фото

“Шаҳри бехатар” дар Душанбе қариб 2 миллион қоидавайронкуниро ошкор намуд

© Sputnik Игорь Лекаркин
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
96 0 0

Мақсади асосии лоиҳаи "Шаҳри бехатар" ин ҷалби сокинони барои риояи намудани қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии садамаҳо ва боло бурдани фарҳанги ронандагӣ дар роҳҳо мебошад

ДУШАНБЕ, 01 ноя — Sputnik.  Дар Душанбе лоиҳаи “Шаҳри бехатар” дар давоми 5 сол зиёда аз 1 миллиону 730 ҳазор қоидавайронкунӣ ва 445 ҳолатҳои садамавиро дар роҳҳои пойтахт ба қайд гирифтааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

“932 ҳазору 787 нафараноне, ки ба қоидавайронкунӣ роҳ доданд ба маблағи 116 миллиону 501 ҳазор сомонӣ (зиёда аз 12,3 миллион доллар) ҷарима шудаанд. Инчунин ба зиёда аз 1 миллион ронанда барои вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ огоҳинома равон карда шудааст”, - гуфтааст роҳбари Маркази идораи “Шаҳри бехатар” Иброҳим Раҳмонзода.

Ба гуфтаи вай имрӯз 70 дарсади ронандаҳо кӯшиш мекунанд қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон накунанд. То насб кардани дастгоҳои назоратӣ зиёда аз 50 дарсади ронандаҳо ба қонуншиканӣ роҳ медоданд.

Ёдрас мешавем, ки дурбинҳои наворбардор кори нозирони роҳро осонтар карда ҳамаи ҳолатҳои қонуншиканиро ба навор мегиранд ва ягон ронандаи гунаҳкор бе ҷазо намемонад.

Мақсади асосии лоиҳаи "Шаҳри бехатар" ин ҷалби сокинони барои риояи намудани қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии садамаҳо ва боло бурдани фарҳанги ронандагӣ дар роҳҳо мебошад

Ин лоиҳа аз тарафи ширкати чинии Huawei ҳамроҳ  бо мутахасисони тоҷик ба роҳ монда шудааст.

Барчаспҳо:
қонун, душанбе, "Шаҳри бехатар", Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ