22:25 17 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.68
  • RUB0.14
Машина милиции в Душанбе, архивное фото

Садамаи худрави Сафорати Русия дар Душанбе

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
476 0 0

Дар Душанбе худраве, ки ба Сафорати Русия дар Тоҷикистон тааллуқ дорад, ба садама дучор шудааст. Дар пайи он ронандаи автомашина ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол дода шудааст

ДУШАНБЕ, 01 ноя — Sputnik. Рӯзи 31-уми октябр, тахминан соати 00-30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Хундай-Туксон",  ки нақлиёт ба Сафорати Русия дар Тоҷикистон тааллуқ дорад,ба садама дучор шудааст, хабар медиҳад ВУД ҶТ.

Бино бар иттилои манбаъ, ронандаи худрав ҳангоми ҳаракат тавассути хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт, дар сероҳаи кӯчаҳои Шероз-Сомонӣ, дар рӯ ба рӯи маркази савдои "Баракат" аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба панҷараи оҳанин бармехӯрад. 

"Дар натиҷа, ронандаи воситаи нақлиёти мазкур зарари ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Панҷараи оҳанини иҳотакунандаи бари ҳудуди сероҳаи мазкур, санги хорои рӯйпуши девори қисми болоии гузаргоҳи зеризаминӣ ва дигар қисматҳои гузаргоҳ корношоям гардидааст", - менависад манбаъ.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ