22:54 17 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.68
  • RUB0.14
Владимир Жириновский посетил Гиссарскую крепость и город Турсунзаде

Аз ангур то пахтачинӣ: тафсилоти боздиди Жириновский аз Тоҷикистон

© ЛДПР / Михаил Дегтярёв
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
70110

Раиси Ҳизби либерал - демократи Русияро дар фурудгоҳ муовини раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ пешвоз гирифта, Жириновский аз "Қалъаи Ҳисор", майдони пахта ва боғи ангур дар шаҳри Турсунзода диданд кардааст

ДУШАНБЕ, 01 ноя — Sputnik. Вебгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон тафсилоти боздиди раиси Ҳизби либерал - демократи Русия Владимир Жириновскийро аз Тоҷикистон мунташир кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои баӣналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода, раиси комиссияи доимоамалкунандаи байнипалатагии парламентӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Маҷлиси Русия Садриддин Шарипов истиқбол намуданд.

Владимир Жириновский прибывший в Таджикистан, собирает хлопок в Турсунзаде
Владимир Жириновский прибывший в Таджикистан, собирает хлопок в Турсунзаде

"Владимир Жириновский ва ҳамроҳони ӯ худи ҳамин рӯз аз "Қалъаи Ҳисор", майдони пахта, боғи ангур ва шаҳри Турсунзода дидан намуданд", - менависад манбаъ.

Барои меҳмон аз Русия дар шаҳри Турсунзода дар тарабхонае зиёфат ороста, овозхонони тоҷик ҳунарнамоӣ кардаанд. Раиси ҳизб ба чанде толибилмони шаҳр ваъда додааст, ки барои дохил кардани онҳо ба донишгоҳҳои Русия мусоидат мекнад.

Ҳамчунин меҳмони олимақомро бо қурутоб зиёфат кардаанд.

Интизор меравад, имрӯз, 1 ноябр раиси ЛДПР бо раиси Маҷлиси намояндагони парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Мӯҳриддин мулоқот кунад.

Пештар худи Жириновский аз меҳмоннавозӣ ва сулҳу оромӣ дар кишвар тавсиф намуда буд. Ӯ изҳори хушнудӣ карда буд, ки вайро дар Тоҷикистон бо нону намак пешвоз гирифтанд.

Мавзӯъҳои асосӣ