14:38 14 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.60
  • RUB0.14
Ҷаласаи васеи Ҳукумат, акс аз бойгонӣ

Баҳс дар СММ: Тоҷикистон чанд вазиру вакили узбак, қирғиз ва рус дорад?

© Пресс-служба президента РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1261 0 0

Тоҷикистон бо ироаи омор аз минбари СММ эълон кард, ки кишвари гуногунмиллат аст ва барои ақаллиятҳои миллӣ ҳеч монеае дар расидан ба мақомҳои калидии давлатӣ ҷой надорад

ДУШАНБЕ, 02 ноя — Sputnik. Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар, ахиран дар СММ аз иҷрои Конвесияи рафъи табъиз нисбати занон гузориш дода, ба суолҳои иштирокдорон дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла дар бахши ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ посух дод.

Гулнора Ҳасанзода, раиси Ожонси омор, узви ҳайати Тоҷикистон дар посух ба суол дар мавриди ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ гуфт, дар кишвари намояндагони 100 миллат зиндагӣ мекунанд ва ҳеч табъизи марбут ба миллат, ҷинс дар хидмати давлатӣ ҷой надорад.

Раиси Ожонси омор гуфт, тибқи маълумоти охир теъдоди хидматчиёни давлатӣ дар кишвар беш аз 18,9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 92,1 фисадашон тоҷик мебошанд.

Ба гуфтаи ӯ 6,6 дарсади хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон узбак мебошанд. Раиси Ожонс афзуд, аз теъдоди умумии хизматчиёни давлатӣ 0,8 фисадро қирғизҳо,  0,1 фоиз русҳо  ва боқимондаро аққалиятҳои миллии дигар ташкил медиҳанд.

Ӯ таъкид намуд, ки дар мақомҳои роҳбарӣ дар Тоҷикистон 5,6 ҳазор нафар фаъолият мекунанд, ки аз ин тоҷикон  - 93,4%, узбак - 5,3%, русҳо - 0,1 фисад, қирғизҳо 0,8 фисад ва боқимондаро миллатҳои дигар ташкил медиҳанд.

Дар мавриди парлумони Тоҷикистон,  Ҳасанзода изҳор дошт, ки ду вакили парлумони кишвар – узбак, 1 – қирғиз мебошанд.

Ҳасанзода таъкид намуд, ки омори ироакардааш намояндагони 5 миллатро дар бар мегирад, ки бидуни ҳеч табъиз дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ